ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии сарвазир Қоҳир Расулзода аз минтақаи Куҳистони Мастчоҳ, ки аз заминларзаи ахир осеб дидааст, дидан кард.
Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, комиссияи вижае, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, бо оқибатҳои заминларза ошно шуда, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат анҷом дод.
Маълум шуд, ки дар деҳаҳои Палдорак, Роғ, Деҳманора, Пакшиф, Дашти миёна ва Лангар биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва иншооти ёрирасон осеб дидаанд, ки пас аз он корҳо барои рафъи оқибатҳои он оғоз гардидаанд.
Хушбахтона дар пайи зилзила ҳеҷ кас осеб надидааст.
Расулзода таъкид кард, ки масъалаи барқарор кардани амволи ғайриманқул ва зербиноҳои харобшуда таҳти назорати раисиҷумҳур қарор дорад ва ба сокинони маҳаллӣ дар ояндаи наздик кумакҳои башардӯстона хоҳанд расонд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи заминларзаи шаби 23 март аз 3,9 то 6,5 балл дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи ҷумҳурӣ бархе аз хонаҳо ва роҳҳо тахриб шуданд.
Дар бархе аз ҷамоатҳо заминларза боиси лағзиши куҳ шуд, ки дар пайи он роҳҳо баста шуданд.