Раҳимӣ: Дар сад соли охир дар ҷумҳурӣ зилзилаҳои шиддаташон аз 7,5 бал зиёд рух надодаанд

Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ ҷойгир буда, кӯҳҳои кишвар ҷавонанд ва бинобар ҳамин ҳаракатҳои тектоникӣ дар минтақаи ҷумҳурӣ фаъол мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мусоҳибо бо АМИТ “Ховар” бо такя бо олимон қайд кардааст, ки дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли рух доданаш низ кам аст.
Вай гуфт ахиран қаблан дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалӣ дар мавзўи "Бехатарии сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардида буд, ки дар он олимони зилзилашинос аз 30 давлати ҷаҳон ба ҳамин хулоса расида буданд.
Оқои Раҳми илова кард, ки Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ ҷойгир буда, кўҳҳои кишвар ҷавонанд, бинобар ҳамин ҳаракатҳои тектоникӣ дар минтақаи кишвар фаъол мебошанд.
Оғилҳо фурӯ рехту чорво зераш монд: паёмади заминҷунбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - акс
Тавре қаблан хабар додем, 21 март, соати 21:47, инчунин соати 01:07-и 23 марти соли равон ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Пайи ҳам рух додани ду заминларза, махсусан баъди заминларзаи харобиоваре, ки моҳи феврали соли равон дар Туркия ва Сурия рух дод, боиси нигаронии сокинони кишвар гардидааст.