Пешниҳод тахфифи андоз аз даромад барои муҳоҷирон дар Русия

Барои донистани забони русӣ муҳоҷирон ҳавасманд карда мешаванд. Аз ин рӯ, ВКД Русия ташаббуси ҷорӣ кардани тахфифи андоз аз даромадро пешбарӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар Русия пешниҳод мешавад, ки барои муҳоҷирони корӣ вобаста ба сатҳи донистани забони русӣ тахфифҳои андоз аз даромад ҷорӣ карда шавад.
Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова хабар дод.
Дар Думаи давлатӣ дар як мизи мудаввар оид ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия масъалаи ҳавасманд кардани муҳоҷирон ба омӯзиши забони русӣ матраҳ шуд.
"Коэфитсиенти паст кардани пешпардохти ҳармоҳа <...> метавонад ба омӯзиши забони русӣ хавасманд гардонад", — пешниҳод кард Казакова.
Тибқи ин иқдом, барои муҳоҷирон вобаста ба сатҳи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузорӣ метавонад коэфисиенти тахфиф ба андоз ҷорӣ шавад.
Ҳамзамон пешниҳод мешавад, ки дар сурати содир кардани як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби муҳоҷири корӣ амали тахфиф ба андоз аз даромади шаҳрванди хориҷӣ ва рейтинги забон боздошта шавад.
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад
Масалан, сухан дар бораи авбошӣ, даъват ба ифротгароӣ ё риоя накардани қоидаҳои ҳаракат меравад. Барои баргардонидани тахфиф "барқарор кардан" лозим меояд.
Ин ба воситаи "иштироки ихтиёрии музднок ё бемузд дар корҳои ҷамъиятӣ" имконпазир аст. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия омодагии худро барои таҳияи ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷироне, ки ба иқтисодиёт ниёз доранд, таъкид кардааст.