ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бар асари заминларзаи шаби гузашта даҳҳо оғилхона дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ фуру рафта ба чорвои сокинон осеб расидааст. Чанд хонаи истиқмоатӣ ҳам кафидааст
Дар ин бора манобеъ аз КҲФ вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба гуфти манбаъ аз шиддати заминҷунбии шабона асосан иморату иншооти сокинони деҳаҳои Пакшиф, Палдорак, Роғ ва Деҳманораи ноҳияи мазкур хароб шудаанд.
“Аз ҳисоби фурӯравии боми оғилхонаҳо чорвои сокинон талаф ёфтаанд. Чанд хонаи истиқоматӣ ҳам аз шиддати заминларза кафидаанд, хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасидааст” - гуфт мақомдори КҲФ.
Оқибатҳои зилзила дар Тоҷикистон
© расонаҳои иҷтимоӣ
Дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинони ноҳияи Кӯҳистиони Мастчоҳ гуфтанд, ки аз дар пайи заминларза дар қисмати офтобрӯяи ин ноҳия аз ҷумла дар деҳаҳои Ярм, Худгифи эшон, лағжиши кӯҳпораҳо ба амал омада ва роҳҳоро бастааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло як гурӯҳи кории махсус ташкил шуда ва ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд.
“Ин гурӯҳ паёмади заминҷунбиро ҳисоб намуда, оид ба он санад тартиб медиҳанд”, – гуфт, манбаъ.
Оқибатҳои зилзила дар Тоҷикистон
© расонаҳои иҷтимоӣ
Маврид ба зикр аст, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод.
Давоми ду рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид бо дараҷаи беш аз 7 балла гуфта мешавад.