Набарди деринтизор: Терминатори тоҷик имкон дорад бо Ермекови қазоқ мубориза барад

"Бигӯ-магӯ"-ҳо байни ду варзишгари Осиёи Марказӣ, ки чанд моҳ боз идома дошт, тадриҷан ба ҳалли худ мерасад. Набарди деринтизори онҳо имкон дорад, доир шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вохӯрии размикорон ММА Фаридун Одилов ва Даврон Ермеков мумкин аст дар доираи Гран-при 1/4 Absolute Championship Akhmat баргузор шавад.
Дар ин бора варзишгари қазоқ дар мусоҳиба бо MMA Metaratings хабар дод.
"Ман мехостам, ки муборизаи мо баргузор шавад. Ман метавонам дар АСА бо Одилов дар Гран-при 1/4 мубориза барам, лига чунин нақша дорад", - гуфт Ермеков.
Ба гуфтаи ӯ, дар хоҳиши вохӯрӣ бо Терминатори тоҷик дар октагон барои ҷанговари қазоқ "ҳеҷ чизи шахсӣ вуҷуд надорад - танҳо таваҷҷӯҳи варзишӣ".
Пирӯзии навбатии Одилов: ӯ бо як зебоӣ Наталисиои бразилиро "нокаут" кард
Ёдовар мешавем, ки задухӯрди Одилов ва Ермеков дар доираи Eagle FC, ки моҳи декабри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, ба далели мушкилоти саломатии варзишгари тоҷик сурат нагирифт.
Ӯ пас аз “мусобиқаи вазнкашӣ"-и шадид натавонист ба қадри кофӣ барқарор шавад.
Баъд аз ин лига ба размикори қазоқ унвони чемпиони нави вазни миёнаро дод ва Одилов аз ин ташкилот баромада ба Absolute Championship Akhmat пайваст.