Медведев "ҳабси" Путинро эълони ҷанг номид

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар бораи омодагии Олмон барои боздошти Владимир Путин бо қарори ДБҶ изҳори назар карду паёмадҳои ин гуна амалҳоро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Агар Олмон тасмим бигирад, ки қарори Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ICC) дар бораи "ҳабс"-и раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро иҷро кунад, ин ба эъломи ҷанг баробар хоҳад шуд.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо расонаҳои машҳури Русия изҳор дошт.
Вай чунин вазъиятеро тасаввур мекард, ки дар он ниятхои сиёсатмадорони Гарб хакикй мебароянд.
"Барои мисол сардори кунунии давлати ядроӣ ба хоки Олмон омаду боздошт шуд. Ин чист? Эълони ҷанг бо Федератсияи Русия!" — гуфт Медведев.
Сиёсатмадор ҳушдор дод, ки дар ин сурат тамоми “захоири” Русия ба бундестаг парвоз хоҳанд кард.
"Оё ӯ мефаҳмад, ки ин сабаби эълони ҷанг аст? Ё ӯ бад дарс гирифтааст?" — мепурсад Медведев.
Ёдовар мешавем, ки палатаи тафтишотии Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ (ДБҶ), ки Русия салоҳияти онро эътироф намекунад, рӯзи 17 март барои "ҳабс"-и Путин ордер содир кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Ҷаҳон бе Русия ба мо даркор нест
Пас аз он, Марко Бушман, раиси вазорати адлияи Олмон гуфт, ки фармон дар Олмон пас аз дархости ДБҶ эътибор хоҳад дошт.
Ин фармонро садриаъзам Олаф Шолтс низ дастгирӣ карда, дар ҷараёни сафари худ ба Ҷопон қайд кард, ки "ҳеҷ кас аз қонун болотар нест".
Тавре котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков баъдан таъкид кард, матраҳ кардани масъалаи КБМ дар бораи "ҳабси" Владимир Путин ғайри қобили қабул аст ва ҳар як тасмими ӯ аз нигоҳи қонун беэътибор аст.