ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ба ақидаи олимҳо пешгӯиҳои заминларзаҳои алоҳида бо дақиқии кофӣ барои банақшагирии барномаҳои кўчониш (эвакуатсия)-и аҳолӣ ғайривоқеӣ мебошанд, гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ
Ба гуфтаи вай, ҳатто агар дақиқии ченкунӣ ва модели физикию математикии раванди сейсмикӣ, ки то ҳол вуҷуд надорад, имконият диҳад, ки макон ва вақти оғози вайроншавии қитъаи қабати заминро бо дақиқии кофӣ муайян кунад, магнитудаи заминларзаи оянда номаълум боқӣ мемонад.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир олимони чинӣ дар пешгӯии заминларзаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст овардаанд. Онҳо дар тӯли якчанд сол сатҳи Замин, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва инчунин хориҷшавии миқдори радон (газ)-ро дар ҷинсҳои кӯҳӣ назорат мекарданд”, - илова кард оқои Раҳимӣ.
Вай афзуд, муҳаққиқон тахмин мезананд, ки ҳамаи ин параметрҳо, ба истиснои тағироти мавсимӣ ва инчунин тамоюлҳои бисёрсола, бояд чанд ҳафта ё моҳ пеш аз заминларзаи калон ба таври назаррас тағир пазиранд.
Инчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон илова кард, ки заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ аст ва пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст, гарчанде баъзе назарияҳои илмӣ дар ин маврид мавҷуданд.