ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Таҳиягари русии "Моторика" қасд дорад барои маъюбони ниёзманди Тоҷикистон 50 адад протез насб кунад.
Гап сари намунаҳои тяга ва бионикӣ меравад. Ёддошти дахлдор дар конфронси 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон бо иштироки нахуствазирони ҳарду кишвар Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода ба имзо расид.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ камаш 400 кас ба чунин протез эҳтиёҷ дорад.
Моҳи апрел дар базаи корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе аввалин "дастҳои механикӣ" насб карда мешавад.
Ба гуфтаи истеҳсолкунанда, симулятори VR, тадқиқоти инвазивӣ ва платформаи омӯзиши онлайн барои барқарорсозии корбарон истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки ширкати Motorika аз соли 2016 барои 1500 нафар аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла корбарон аз Русия, ИДМ, Фаронса, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 5000 адад протез истеҳсол кардааст.