Паёми Аҳмад Масъуд: Толибҳо аз Наврӯз истифодаи сиёсӣ мекунанд – видео

Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар паёми видеои ба муносибати Наврӯз ва мамнуъияти толибҳо аз таҷлили ҷашни Наврӯз, ин кори толибҳо як "пружаи сиёсӣ" медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд мегуяд, талоши мазбуҳонаи толибҳо барои зудудани арзишҳо ва фарҳангҳои куҳани мардуми Афғонистон ҷузи як кори сиёсӣ, як пружа барои зудудан, як тавтеаи сиёсӣ ва талоши мазбуҳонаи сиёсии чизе дигаре нест.
Ӯ мегуяд ки толибон дар як соли гузашта ба нақзи ҳуқуқи башар нақзи ҳуқуқи занон пардохтаанд ва ба робита бо гурӯҳҳои ифротӣ идома доданд ва Афғонистонро ба зиндони мардум ва паноҳгоҳи амни террористон мубаддил сохтанд.
“Ин амалкарди толибони сабаби инзивои Афғонистон дар ҷаҳон шудааст”, - гуфт Аҳмад Масъуд.
Оқои Масъуд бар истодагӣ дар баробари толибон таъкид кард ва гуфт, ки ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо имконоти кам талафоти сангине бар толибон ворид кардааст.
Ӯ мегуяд, ки амалкарди толибҳо фишорҳои ҷаҳониро афзоиш дод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои исломӣ донистанд, ки толибҳо аз номи ислом сӯистифода мекунанд.
Аҳмади Масъуд таъкид кард, ки ба расмият шинохтани толибон номумкин шудааст ва саф ороиҳои низомӣ, сиёсӣ ва маданӣ дар баробари толибон афзоиш ёфтааст.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимат миллӣ мегуяд, ки ин ҷабҳаи иштибоҳоте дар як сол гузашта дошт, аммо муқовимат барои озодии Афғонистон идома дорад ва ангеза дар баробари зулм вуҷуд дорад.
Вай гуфт, ки толибҳо ба ҷон ва моли мардуми Афғонистон таҷовуз кардаанд аммо ин ҷабҳа барои мубориза дар баробари ин гуруҳ омодааст.
Масъуд хитоб ба аъзои ҷабҳаи кутоҳиҳои ин ҷабҳаро пазируфт ва аз "ҳатак ҳурмат" аз сӯйи бархеҳо ба тарафи шахсиятҳо сухан зад ва бар ваҳдат таъкид кард.
Ӯ гуфт аз ихтилофот "душман" нафъ хоҳад барад.
Аҳмад Масъуд аз мардуми Афғонистон хост "шона ба шона" барои наҷоти кишвар талош кунанд.
Амирхон Муттақӣ: ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад
Ӯ гуфт ки дар соли нав барои "иттиҳод" миён мардум талош хоҳад кард.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимат ба кушта шудани устоди Бурҳониддин Раббонӣ раҳбари ҷамъияти исломӣ ва раиси ҷумҳури пешин аз сӯйи толибҳо ишора карду толибонро "беғайратгар" хитоб кард.
Ӯ аз тамомии сиёсатгарони Афғонистон хост дар баробари толибҳо сафи воҳидро ташкил диҳанд ва барои арзишҳои муштарак талош кунанд.
Ӯ хитоб ба кишварҳои минтақа гуфт, ки ҳамсуйи бо толибон ба сӯд онон нест. Ва ҳар таъомуле бо толибҳо зиди арзишҳои кишварҳои дигар аст.
Ҷабҳаи муқовимат бо ин ҳам бар музокира барои ба даст омадани ҳуқуқи мардум таъкид кард.
Аҳмад Масъуд гаравҳои Алқоида*, ДОИШ* толибҳоро "торикандеши ҷоҳилу золим" донист ва гуфт, ки дар баробари ин гурӯҳҳо пирӯз хоҳанд шуд.
* - Созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия