Мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Дабӣ расид

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигар, аз ҷумла се дарвозабон, нуҳ ҳимоятгар, ҳашт нимҳимоятгар ва чор ҳамлагар шомиланд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими АМА вориди Абу-Дабӣ шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт рӯзи 22 март вориди Абу-Дабӣ шуд.
Ба ҳайати тими миллии кишвар 24 бозигар, аз ҷумла се дарвозабон, нуҳ ҳимоятгар, ҳашт нимҳимоятгар ва чор ҳамлагар шомиланд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои тамрини дуҳафтаина ба Арабистон сафар кард
Манбаъ меафзояд, футболбозони тоҷик пас аз расидан ба Абу-Дабӣ, дар меҳмонхонаи панҷситорадори "Гранд Миллениум Ал-Ваҳда" ҷойгир шуданд.
Қарор аст, пас аз андак истироҳат бегоҳи 22 март нахустин тамрини мунтахаби Тоҷикистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 25март дар варзишгоҳи "Ал-Наҳаён"-и Абу-Дабӣ доир мешавад.
Оғози рақобат соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ ва 23:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.