КҲФ паёмади заминҷунбии шадиди Афғонистон, ки Тоҷикистонро ларзонд шарҳ дод

КҲФ гуфт, шиддати заминларза дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон беш аз 5 балл арзёбӣ мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Заминҷунбии мудҳиши Афғонистон, ки Тоҷикистонро низ сахт ларзонд, дар ҷумҳурӣ қурбонӣ дар пай надошт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд.
"Дар бораи хисорот ё талафот гузориш нашудааст", - гуфт КҲФ.
Ба иттилои ин кумита, маркази зилзила бо шиддати 7,7 дараҷа дар 268-километрии ҷанубу ғарби Душанбе, дар қаламрави Афғонистон будааст.
Шиддати заминларза дар Душанбе беш аз 5 баллро ташкил дод.
Тоҷикистонро заминларзаи сахт такон дод
Ёдовар мешавем, шоми 21 март дар шимолу шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба 6,5 дараҷа рух дод. Дар натиҷа дар Покистон 9 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Илова бар ин, дар Афғонистон 2 нафар бар асари заминларза ба ҳалокат расида, 44 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ мардум пас аз сар задани заминҷунбӣ аз хонаҳо берун баромада, то бевақтии шаб аз тарс вориди хона нашуданд.