Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мулоқоти ҳокимони Суғду Ботканд сари масъалаҳои марзӣ: чӣ гуфтанду чӣ пешниҳод шуд?

Мақомот мегӯяд Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои марзиро дар доираи муносибатҳои дипломати ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизил-Бел"- Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кориро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев роҳбарӣ намуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек ширкат варзиданд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи таъмини зиндагии орому осуда ба мардуми назди марзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марз минбаъд низ таваҷҷуҳ равона карда мешавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои протоколи ҷадиди миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти шашрӯза
“Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш дода шуд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд. Мардуми назди марзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”,- иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилдояти Суғд.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд
Қайд карда шудааст, ки раиси вилояти Суғд ва вилояти Ботканд мардуми ду вилоятро бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният намуда, изҳори умед карданд, ки сокинони назди марзӣ дар фазои орому осуда кору зиндагӣ намуда, барои пешрафту бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.