ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия Utair дар бораи ҷорӣ кардани парвозҳои нав ба Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар масири Санкт-Петербург - Самарқанд оғоз мекунад.
Аввалин парвоз рӯзи 31 март сурат хоҳад гирифт.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Парвоз аз Петербург соати 11:05 дақиқа ва баргашт соати 19:10 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд. Арзиш аз 9,7 ҳазор рубл оғоз меёбад.
Ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон низ парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Сургут, Нижневартовск, Краснодар, Тюмен, Уфа, Санкт-Петербург ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунанд.
Utair як ширкати ҳавопаймоии Русия аст, ки дар якҷоягӣ бо филиалҳои сершумори худ яке аз бузургтарин холдингҳои авиатсионии кишварро ташкил медиҳад. Ин ширкат ба анҷом додани парвозҳои мусофирбарӣ ва боркаш дар Русия ва хориҷи кишвар, инчунин нигоҳдории ҳавопаймоҳо ва омӯзиши кадрҳо машғул аст.