Тоҷикистониёнро раҳбарони ҷаҳонӣ бо Наврӯз табрик мекунанд

Вуруди барқияҳои шодбошӣ аз номи расиҷумҳурон ва роҳбарони созмониҳои ҷаҳонӣ унвонии роҳбари давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рӯзи таҷлили Наврӯз сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ бо ирсоли нома ба унвони роҳбари давлат муборакбод намуданд.
Дар ин бора дафари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ аз қабули номаҳо аз сӯи кишвардори Амрико Ҷо Байден ва Дабири кулли СҲШ Чжан Мин иттилоъ дод.
Дар номаи роҳбари Амрико, ба раисҷумҳур ва кулли мардуми Тоҷикистон саломатӣ ва сулҳу суббот таманно шуд.
"Ман умед дорам, ки дар соли оянда шарикии байни кишварҳоямон ва дӯстии байни халқҳоямон бар асоси талошҳои мо барои ояндаи осоишта ва шукуфони ҳама боз ҳам амиқтар хоҳанд гардид", - омадааст дар мактуби Байден.
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
Зимнан, ҷаноби Мин ҷашни Наврӯзро рамзи саъю талош баҳри сулҳ, созгорӣ бо табиат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум, мероси муҳимми ғайримоддии фарҳангии инсоният арзёбӣ кард.
Дар идома, Дабири кулли СҲШ ба раисҷуҳури Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳи пайваста ва ҳамзамон дастгирӣ аз ин созмон изҳори миннатдорӣ намуд.
Чжин Мин ба ба роҳбари давлат саломатӣ ва ба тоҷикистониён сулҳу некӯаҳволиро таманно кард.
Дафтари матбуоти президент қайд намуд, ки қабули номаҳои шодбошӣ аз сӯи роҳбарони ҷаҳонӣ идома дорад.