Муштзанҳои тоҷик бар ҳарифони худ аз Ӯзбекистон дастболо шуданд

Ба варзишгарони тоҷик муяссар шуд, ки дар мусобиқаи “Шоми бокс” бо ҳисоби 5:2 бар ҳарифони худ аз Ӯзбекистонпирӯзӣ ба даст оранд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Шоми бокс” рақибони худ аз Ӯзбекистонро шикаст доданд.
Онҳо тавонистанд бо ҳисоби 5:2 пирӯзӣшаванд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Варзиш".
Дастаҳо дар вазнҳои гуногун дар ринг вохӯрданд:
Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг,
Шаббос Неъматуллоев - дар вазни 80 кг,
Парвиз Каримов - 86 кг
Давлат Болтаев — 92 кг
Муҳаммад Аброриддинов - беш аз 92 кг.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Чаҳор бонуи тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ширкат мекунад
Ба иштирокчиёни мусобиқа ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 ва 2,5 ҳазор доллар тақдим карда шуд.
Қаблан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон дар Тайланд 3 ҷоиза ба даст оварда буданд.
Мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти осиёӣ бомуваффақият баромад карда, чандин ҷоизаҳои биринҷиро дар хазинаи кишвар гузоштааст.