Ҷоми раиси Душанберо бонувони ВМКБ гирифтанд

Мусобиқа аз 14 то 20 март дар байни 5 даста аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ доир шуд ва бо пирӯзии волейбоздухтарони ВМКБ анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Дастаи занонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи ҷашни Наврӯз дар пойтахт сазовори "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" шуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси ВМКБ хабар медиҳад.
Ин сабқат ба муносибати Рӯзи модар, аз 14 то 20 март миёни 5 даста аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ доир шуд.
Дастаи бонувони ВМКБ аз намуди волейбол
Мақоми дуюм дар ин сабқат насиби дастаи шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм аз вилояти Суғд гардид.

"Пирӯзии комилро барои даста, мураббиён ва кулли сокинони ВМКБ табрику муборакбод гуфта, изҳори итминон менамоем, ки чунин музаффариятҳо дар оянда низ афзунтар гардад", омадааст дар табрикоти мақомот.

Ёдовар мешавем, ки ин маротибаи сеюм аст, ки дастаи занонаи вилоят аз намуди волейбол "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе"- ро сазовор мегардад.
"Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" насиби тими волейболбозони ВМКБ гардид