ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эрон омода аст равобити иқтисодӣ бо тамоми кишварҳои арабии минтақаи Ховари Миёнаро пас аз тавофуқ дар бораи барқарории равобити дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ барқарор кунад
Дар ин бора вазири иқтисод ва молияи Эрон Эҳсон Хандузӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "РИА Новости" зикр кард.
"Ҳукумати мо бар асоси сиёсати ҳамсоягӣ омода аст, ки равобити иқтисодиро бо тамоми кишварҳои минтақа (Шарқи Наздик - идора.) барқарор кунад ва таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ бо онҳоро омили таҳкими худи минтақа медонад. Кишварҳои ба монанди Арабистони Саудӣ имкони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эронро пайдо хоҳад кард," - гуфт Хандузӣ.
Теҳрон ва Риёз рӯзи 10 март бо миёнҷигарии Пекин тавофуқнома дар бораи азсаргирии равобити дипломатиро имзо карданд ва қарор аст дар давоми ду моҳ сафоратхонаҳо боз кунанд.
Баёнияи муштарак пас аз музокироти чандрӯзаи раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва ҳамтои саудии ӯ дар Пекин ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки вазирони хориҷаи ду кишвар қасд доранд, барои баррасии иҷрои ин тавофуқ мулоқот кунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз дар соли 2016 пас аз ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон аз сӯи эътирозгарон алайҳи эъдоми диншиноси маъруфи шиъа Нимра ан-Нимра аз сӯи ин кишвар қатъ шуд, аммо дар моҳҳои ахир ду ҷониб хостори рафъи ихтилофот шуданд.