ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сухангуии ҳукумати сарпараст Забеҳаллоҳ Муҷоҳид дар вокуниш ба тасвиби қатъи номаи ҷадиди шӯрои амният дар бораи "арзёбии мустақил барои расидагӣ ба чолишҳо дар Афғонистон", гуфт, ки агар ин арзёбӣ ба ҳадафи ҳамкорӣ анҷом шавад, ҳукумати сарпараст ҳамкорӣ хоҳад кард.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳиди қатъномаеро содир кардааст, ки бар бунёди он чолишҳо дар Афғонистон мустақилона арзёбӣ хоҳад шуд.
"Мо умед дорем, ки ин арзёбӣ бахотири ҳамкорӣ бо мардуми Афғонистон ва низом бошад на бахотири ин ки алайҳи низоми пропагандӣ сӯрат бигирад ва бар асоси маълӯмоти нодуруст", - гуфт Муҷоҳид.
Ёдовари мекунем, ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Бояд қайд кард, ки ИМА дар як муомилаи пинҳонӣ ва бо ҳамкории фиристодаи вижааш барои Афғонистон, ин кишварро дубора ба гурӯҳи толибҳо бо ҷангафзорҳои ба арзиш беш аз ҳафт миллиард доллар таҳвили ин гурӯҳ тундрав намуд.
Аз рӯзи омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон то токунун беш аз панҷ миллион нафар ин кишварро тарк намуда ва иқтисоди ин кишвари фурӯпошидааст.
Беш аз навад дарсади мардуми ин кишвар дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва бонувон аз омӯзишу кор маҳрум шудаанд.