Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон Ню-Йорк

Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Подшоҳии Нидерланд конфронси муҳимеро дар СММ раисӣ хоҳад кард, ки ташаббускори аслию ҷаҳонисозии он худаш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ субҳи 20 март ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, ҳадафи сафари кишвардор иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Гуфта мешавад, дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.
Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Пешниҳоди номзадии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ
Конфронс ҷаласаҳои минтақавию глобалии омодагӣ алоқаманд ба обро дар бар гирифта, аз маросими кушодашавию пӯшидашавӣ, 6 ҷаласаи пленарӣ, 5 муколамаи интерактивӣ, ҷаласаҳои канории сатҳи баланд, махсус ва дигар чорабиниҳои махсус, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдор доир мешаванд, иборат аст.
Дар доираи Конфронс, ҳамчунин баргузории чорабинҳои фарҳангӣ низ, дар назар дошта аст.
Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида, Департаменти СММ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо дастгирии ниҳоди СММ – Об функсияи котиботи Конфронсро амалӣ менамояд.
Конфронс бояд ҳамаи соҳаҳои дигарро барои беҳтар намудани идоракунӣ ва истифодаи захираҳои об сафарбар намояд.