ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ба 12 мусофири хатсайри Новосибирск-Душанбе иҷозаи парвоз надод.
Вобаста ба қазия ҳоло додситонии маҳаллӣ ба тафтиш оғоз кардааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти додситонии нақлиёти Сибири Ғарбӣ, фурудгоҳ барои роҳ надодани мусофирон ба парвоз ягон далели кофӣ надошт.
"Ширкати ҳавопаймоӣ ба далели набуди курсиҳои холӣ дар ҳавопаймо ба таври якҷониба интиқоли 12 шаҳрванд дар масири Новосибирск-Душанберо рад кард", — омадааст дар хабарнома.
Ҳодиса ҳанӯз моҳи феврали соли 2023 дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи А.И.Покришкин рух дода буд.
Дар натиҷа, нисбати директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ барои хизматрасонии номатлуб парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо пешниҳод карда шуд.