ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Сафари раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Маскав як фурсати олӣ барои мулоқот бо дӯсти хуби қадимист.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мақолаи "Русия ва Чин - шарикӣ ба оянда" барои рӯзномаи People's Daily навиштааст.
"Мо аз музокироти дарпешистода интизориҳои зиёд дорем. Шубҳа надорем, ки онҳо ба тамоми доираи ҳамкориҳои дуҷониба такони нави пурқувват хоҳанд дод", - идома дод раҳбари Русия.
Путин ҳамчунин гуфт, ки чӣ гуна бори аввал бо раисҷумҳури Чин дар соли 2010 мулоқот кардааст. Ӯ он замон бо раҳбарии ҳайати вакилони Чин ба Москва омад. Он вохӯрӣ "хеле корӣ ва дар айни замон самимона ва дустона гузашт.
"Медонам, ки дар Чин ба дустӣ ва муносибатхои инсонӣ аҳамияти калон медиҳанд Бесабаб нест, ки Конфутсии хирадманд гуфтааст: "Магар аз дур омадани дуст шодӣ нест!" Мо дар Русия ҳам ба ин хислатҳо баҳои баланд медиҳем. Барои мо дӯсти ҳақиқӣ мисли бародар аст. Халқҳои мо дар ин бобат ба ҳам монанданд", - гуфт, дар идома президенти ФР.
Раҳбари Русия қайд кард, ки мулоқоти навбатӣ бо Си Ҷинпин низ дар Маскав баргузор мешавад, ки ӯ пас аз интихоби дигарборааш бо сафари давлатӣ ба Федератсияи Русия анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Чин аз 20 то 22 март ба Маскав сафар мекунад.