ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тағйирёбии иқлиму вазъи носуботи иқтисоди ҷаҳон аз кишоварзони кишвар хостааст, ки бо истифода аз ҳавои мусоид самаранок фаъолият кунанд.
Ӯ ин нуктаро дар паёми наврӯзияш ба аҳолии кишвар, ки мавсими зиндашавии табиат аст, изҳор медорад.
"Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд", - гуфтааст раисҷумҳур.
Ба таъкиди вай, хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, бештар бояд заҳмат кашид.
Зеро ба таъкиди раисҷумҳур, имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.
"Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем", - афзудааст Раҳмон.
Мавсуф дар баробари ин бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир аҳолиро ба сарфаю сариштакорӣ даъват карда, гуфтааст, ки ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ набояд дод.