Мақомоти Суғд сабаби сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишвориро шарҳ доданд

Мақомоти сӯхторнишонии вилояти Суғд сабаби оташсӯзӣ дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро маълум карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Сабаби сар задани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар вилояти Суғд маълум шуд, мегӯяд Фаррух Юсуфӣ, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Ҷаббор Расулов .
Ӯ гуфт, сӯхтор аз ҳисоби сӯзишвории моеъ сар зада доман паҳн кардааст.
"Аз ҳисоби якшавии сӯзишвории моеъ ва барқ дар дохили таҷҳизоти тақсимкунанки маводи сӯхт, оташ пайдо шудааст. Ба эҳтимоли зиёд ин таҷҳизот нуқси техникӣ доштааст”, - иброз намуд Юсуфӣ.
Ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Кабир 77” дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тақрибан соати 9:25 дирӯз рух додааст.
Ин нуқтаи фурӯши маводи сӯхт навсохтмон буда, тоза барои шурӯъ намудани фаъолият омодагӣ медид, вале ба коми оташ рафт.
Бар асари ин ҳодисаи нохуш иморат ва асбобу таҷҳизотҳои техникии таъминкунандаи маводи сӯхт ба хокистар табил шудаанд.
Дар Суғд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳанӯз бо кор сар накарда оташ гирифт - акс
“Сӯхтор дар масоҳати 40 метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Хушбахтона алангаи оташ то бучкаи калони захиракунандаи газу бензин нарасида ва касе аз кормандони иншоот осеби ҷиддии ҷисмонӣ набардоштаанд” - гуфт Юсуфӣ.
Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст
Мақомот гуфтанд, ки барои хомӯш намудани оташсӯзӣ 13 адад нақлиёти обпошандаи идораи сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанду Спитамен сафарбар кардаанд.
Бо талоши онҳо 30 тон гази моеъ, 15 тон бензин ва 15 тон сӯзишвории дизелӣ дар умум ба маблағи наздик ба 1 млн сомонӣ аз коми оташ наҷот дода шуд.
Бар пояи иттилои мақомот давоми соли гузашта дар Суғд беш аз 460 мавриди оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух додаанд.