ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Намояндаи пешини мардум дар вулсии ҷирга (парлумон) дар мусоҳиба бо “Independent” форсӣ мегуяд, раҳбарони Афғонистон аксаран ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо роҳи мубориза бо (султа) толибҳо низом федеролӣ аст.
Вай бо баёни ғифлати 20-солаи ин раҳбарон, ба ин мавзуъ ишора кард, ки онҳо дараки дуруст аз низоми федеролӣ надорнд ва танҳо касе, ки дар байни раҳбарон дараки шуъур ва илмии лозимро дорад Сарвар Дониш аст, ки дар бораи низоми федероли мақолоти илмӣ навишта аст.
“Бо инки Дӯстум худро як федеролист муаррифӣ мекунад ва дар замони худ манобеъ ва имконоте, ки доштанд барои татбиқи федеролӣ ҳеҷ корӣ анҷом надоданд”, - гуфт ӯ дар бораи Моршол Дӯстум.
Вай илова кард, ки қавмҳои мухталифи Афғонистон фақат дар як ҳолат метавонанд дар канори паштунҳо зиндагӣ кунанд ва он ҳам дар сурати ҳокимияти низом федеролӣ аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон дар 15 августи соли 2021 милодӣ дар як муомилаи пинҳонӣ ва печида бо Амрико якбори дигар бар Афғонистон чира шуд ва иқтисоди ин кишвар аз ҳам пошед ва миллионҳо нафари ин кишварро аз тарси ин гурӯҳ ва аз тарси бекорӣ ва гуруснагӣ тарк карданд.