ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза рух дод.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Коршиносон субҳи 19 март соати 11:01 ба вақти Душанбе ларзишҳои зеризаминиро дар умқи 10 километрӣ сабт карданд.
Шиддати заминларза 4,3 баллро ташкил додааст. Маркази зилзилаи рухдода дар 67-километрии шаҳраки Мурғоби ВМКБ воқеъ будааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовари мекунем, ки аз моҳи феврал то кунун дар Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз заминларза рух медиҳад.
Ба гуфтаи Руслан Габдуллин, дотсент, номзади илмҳои геология ва минералогияи Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов, заминларза дар Тоҷикистон ба зилзилаҳои 6 феврале, ки дар Туркия ва Сурия рух дод, рабт дорад.
Бар асари заминларза дар ин кишварҳо шумораи қурбониён ба 50 ҳазор нафар расид.