Раъйдиҳии шаҳрвандони Қазоқистон дар Душанбе

Дар хориҷ аз Қазоқистон 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шуд. Ингуна ҳавзаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тошканд, Ашқобод ва Исломобод фаъолият доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Рӯзи 19 март дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ баргузор мешавад. Дар баробари интихоботи парлумонӣ ҳамчунин интихоботи намояндагони мақомотҳои маҳалӣ низ давом дорад.
Дар Душанбе як ҳавзаи интихоботӣ низ боз шудааст. Он барои шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, ташкил карда шудааст. Онҳо метавонед то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ раъй диҳанд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, берун аз кишвар 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавзаҳои интихоботӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар Тошканду Ишқобод ва Исломобод низ ба кор шурӯъ кардаанд.
Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд
Интихоботи вакилони парлумони Қазоқистон бори аввал дар 19 соли ахир бо низоми омехта баргузор мешавад. Акнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон доранд, на танхо ба тарафдории номзадхои ҳизб, балки ба тарафдории номзадхои мустакил хам раъй диханд.
То имрӯз тақрибан 50 дарсади раъйдиҳандагон овоз доданд, хабар медиҳад КМИР-и Қазоқистон. Интихоби худро аллакай раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва ҳамчунин президенти нахустини ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев карданд.
Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 393 дар бинои Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” раъй дод.
Санади интихоботиашро ба қуттӣ андохт ва ҳамагонро бо Наврӯзи дар пешистода табрик гуфт.