Душанбе мизбони иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи наҷоти баҳри Арал мешавад

Рӯзҳои 14 - 15 сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии Наҷоти баҳри Арал баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, панҷумин нишасти машваратии сарони Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 14 - 15 сентябри соли равон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Қарор аст, ҳамзамон бо ин нишаст, иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал низ доир шавад.
Дар ин ду нишаст ҳузури руасои ҷумҳурии 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар назар гирифта шудааст.
Душанбе ба солгарди нишасти машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагӣ мегирад
Давлати Тоҷикистон барои баргузории муносиби нишастҳои ёдшудаи раҳбарони минтақа омодагии ҳамаҷониба гирифта ва ба дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар кумитаи тадорукотӣ ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон эҷод шудааст, ки шомили мақомоти ҳамаи вазоратхонаҳо ва идорот аст.
Илова бар он, ҳамчунин дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ дабирхонаи ин ду нишаст фаъолият мекунад.