ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Рӯзи 21 март дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз мегардад ва то 24 март идома хоҳад ёфт, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки дар бораи баргузории мусобиқаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдорро ба тасвиб расонидааст.
“Мусобиқаи мазкур бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2023 доир шуда, дар он иштироки 120 варзишгар аз 12 давлати дунё пешбинӣ шудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.
Ёдовари мекунем, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим гуфта буд, ки дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳои таҷлил Наврӯз дар пойтахти кишвар гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Слалом, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мешавад.