Садамаи мудҳиш дар Зарафшон: шахсияти ронандаи фавтида номаълум аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, мошин пас аз он ки бо суръати баланд ба садди бетонии роҳ бархӯрд, оташ гирифт ва ронанда дар ҷои ҳодиса ҷон аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Дар гардиши кӯчаи Зарнисор, ки аз ҳудуди маҳаллаи Зарафшон мегузарад,садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама шаби 17 ба 18 март, тахминан соати 00:58 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Манбаъ меафзояд, поси шаб ба дафтари онҳо хабар дар бораи рух додани садамаи мудҳиш расид ва наҷотбахшон пас аз қабули маълумот ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
Садамаи маргбор дар Душанбе: "Дулан" хоҳаронро пахш кард
Маълум гардид, ки ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, идораи мошинро аз даст дода, бо суръати баланд ба садди бетонии канори роҳ бархӯрдааст.
“Дар натиҷаи бархӯрд мошин оташ гирифта, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, наҷотбахшон ҳамроҳ бо оташнишонони Вазорати корҳои дохилӣ сӯхторро хомӯш карда, оқибатҳои садамаро низ бартараф намуданрд.
Шахсияти ронандаи ҳалокшуда феълан номаълум буда, ниҳодҳои марбута дар ин самт кор мекунанд.