Путин қонун дар бораи қатъи шаҳрвандии Украина барои русҳоро имзо кард

Кишвардори Русия қонун дар бораи қатъи шаҳрвандии Украинаро аз рӯзи муроҷиат ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи қатъи шаҳрвандӣ барои шаҳрвандони Русия, ки ҳамзамон шаҳрвандии Украинаро доранд ва минбаъд доштани онро қабул надоранд, имзо кард.
Тибқи ин қонун шаҳрвандӣ аз рӯзи аввали муроҷиат ба Вазорати корҳои дохилии Русия бекор мешавад. Нусхаи ин қонунро портали иттилоотӣ- ҳуқуқӣ нашр намудааст, хабар медиҳад "РИА Новости.
Манбаъ меафзояд, муаллифони лоиҳаи қонун вакилон Леонид Калашников, Сергей Кабишев, Сергей Леонов ва Артем Туров буданд.
"Истифодаи ин механизм дар амал бояд кафолат диҳад, ки ин шаҳрвандони Федератсияи Русия ҳуқуқҳои худро оид ба кор дар мақомоти давлатӣ ва маъмурӣ амалӣ кунанд ... таҳсил дар ташкилотҳои таълимӣ, қабули довталабон ба сирри давлатӣ ва масъалаҳои дигар, ки дар ҳалли онҳо шаҳрвандии Украина ҳамчун омили маҳдудкунанда баромад мекунад", - гуфта мешавад дар хулосаи Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия.
Илон Маск: қисме аз Украина мехоҳад бо Русия бошад
Тибқи қонун, шаҳрванди Федератсияи Русия аз рӯзи пешниҳоди ариза дар бораи даст кашидан аз шаҳрвандии Украина вазифадор аст, ки амалҳои марбут ба татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳои барои шаҳрвандони Украина пешбинишударо анҷом надиҳад.
Дар сурати риоя накардани ин ӯҳдадорӣ, хулоса бароварда мешавад, ки тибқи он ариза дар бораи қатъи шаҳрвандии Украина беэътибор дониста мешавад.
"Шаҳрванд ҳақ дорад, ки пас аз 10 сол аз рӯзи қабули хулосаи мазкур бо аризаи худдорӣ аз шаҳрвандии Украина дубора муроҷиат кунад", - омадааст дар хулосаи кумитаи Шӯрои Федератсия.