ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати дифои миллии толибҳо дар талошаст барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои марзӣ як роҳкори амалӣ дар пеш гирад, гуфт сухангӯи ин вазорат Иноятуллоҳи Хоразмӣ, иттилоъ додааст хабаргузории ""
“Мо хоҳони ҷанг бо ҳеҷ кишвари ҳамсояи худ нестем, аз ин рӯ кишварҳои ҳамсоя низ бояд ба қавонини марзӣ бо Афғонистон эҳтиром бигузоранд”, - таъкид кард вай.
Сухангӯи вазорати дифои ҳукумати толибҳо афзуд, ки неруҳои вазорати дифоъ тамоми марзҳои кишварро таҳт назорат доранд ва аз тавон муқобила ва нақшаҳои муназзам барои дифоъ аз ҳар навъи таҳдид алайҳи Афғонистон бархурдор ҳастанд.
Ин изҳороти оқои Хоразмӣ дар ҳолест, ки марзбонони афғонистонӣ дар моҳҳои ахир, чандини бор бо неруҳои марзии Покистон ва Эрон даргир шудаанд.
Ахиран низ неруҳои марзбонии толибҳо дар минтақаи Адаҳи ангур дар наздикии хати Дюранд бо марзбонони покистонӣ даргир шудаанд.