Супориши раиси вилояти Суғд дар бораи коҳиш додани норасоии табибон

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд раиси вилоят дар бораи коҳиш додани норасоии табибон дар соҳаҳои афзалиятнок, супориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ахиран дар толори мақомоти вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор шуд.
Дар иҷлосия иҷлосия як қатор масъалаҳо баррасӣ ва гузориши бархе мақомдорон шунида шуд.
Аз ҷумла вакилон,​ рафти иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030”,​ ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ, шунида шуд.
Ҳамзамон вакилон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакил, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ​номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва ғайраҳо, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Қарори Рустами Эмомалӣ: вакилон ба маҷлиси навбатӣ даъват шуданд
Дар ин маҷлис дар бораи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ аҳамияти хос дода шуд.
Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба​ Раёсати тандурустии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки​ иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ​ аз 31 декабри соли 2020, ​ № 702 "Дар бораи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030" тибқи нақша ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда таъмин намоянд.
Таъкид шудааст, ки ба масъулин барои​ таъмини иҷрои сифатноки Барномаи мазкур,​ коҳиш додани норасоии табибон дар соҳаҳои афзалиятнок, фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва ба кор ҷалб кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар деҳот,​ тайёр намудани кадрҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.