ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ аз Русия боздид мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл рӯзи ҷумъа гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки сафари Ҷинпин бо даъвати Владимир Путин сурат гирифта, он рӯзҳои 20-22 март доир мешавад.
Интизор меравад, ки сарони ду кишвар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва равобити стратегиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин ба Русия табодули афкор бо Путин дар заминаи амиқтар шудани ҳамкориҳои Маскав ва Пекин дар арсаи байналмилалӣ дар назар аст.
Кремл таъкид кард, ки дар натиҷаи музокирот як қатор санадҳои муҳими дуҷониба ба имзо хоҳанд расид.