ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ 0,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Чунин маълумотро барои моҳҳои январ-феврали соли равон Оҷонсии омори кишвар пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, ки танҳо дар моҳи феврал афзоиши таваррум 0,4 банди фоизиро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, қимати маҳсулоти хӯрокворӣ дар 2 моҳи соли 2023 1,3% афзоиш ёфт.
Афзоиши нархи молҳои ғайриозуқавӣ 1% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,1% -ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки дар байни маводи ғизоӣ бештар аз ҳама молҳои зерин қимат шуданд:
сабзавот — 21,4%;
орди навъи якум — 9%,
картошка — 10,4%,
тухм — 12,9%.
Дар байни маҳсулоти ғайриғизоӣ нархҳо бештар аз инҳо боло рафтаанд:
бензин - 1,7%;
моддаҳои шустушӯй - 2,4%;
маҳсулоти фармасевтӣ - 0,9%;
масолеҳи бинокорӣ — 0,6%.
Дар бахши хизматрасонӣ ба аҳолӣ 2,4% кимат шудани нархи парвозҳоро қайд кардан мумкин аст.