Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд

Тайи чанд соли ахир дар пойтахти Русия таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни сокинон 10 маротиба бештар нисбат ба соли 2006 шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Теъдоди ширкаткунандагони ҷашни бостонии Наврӯз дар Маскав аз соли 2006 аз 5 то 50 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора президенти Пажӯҳишгоҳи дин ва сиёсат Антон Игнатенко хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ин ҷашн на танҳо намояндагони диаспораҳои гуногун, балки сайёҳон ва мардуми оддии маҳаллӣ низ ширкат мекунанд.
Аз соли 2006 инҷониб ин ҷашн, ки байналмилалӣ шудааст, ҳамасола дар ҷойҳои гуногун: дар ВДНХ, майдони Пушкин, Лужники ҷашн гирифта мешавад.
"Он вақт тақрибан 5 ҳазор иштирокчӣ буданд, ҳоло шумораи тамошобинон 10 маротиба зиёд шудааст",- гуфт Игнатенко.
Ба таъкиди ӯ, теъдоди ҷамъиятҳо ва диаспораҳо низ се баробар афзуда, ба 24-то расидааст.
Аз Далер то Нигина: ситораҳои Тоҷикистон Наврӯзро дар Маскав бошукӯҳ таҷлил мекунад
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз қадимтарин ҷашни тамоми мардуми шарқ буда, рамзи оғози зиндагии нав дар рӯзи баробаршавии баҳор ва ифтитоҳи соли нав аст.
Дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои низ доир мешавад.