ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол Моҳи Рамазон дар кишвар 23 март оғоз мешавад, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон
Ин ниҳод, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 32 300 сомонӣ муқаррар шудааст, ки 800 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.