ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Денис Пушилин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД ахиран гуфт, новобаста аз он ки артиши Украина пайваста захираҳои инсонии худро ба Маринка интиқол медиҳад, артиши Русиия дар инҷо пешравиҳои назаррос дорад.
“Душман тамоми чораҳоро мебинад, ки вақт (барои озод кардани Маринка)-ро кашол диҳад. Дар он ҷо кариб якуним моҳ боз задухурдҳои шадид давом доранд. Дар ин ҷо миқдори душман, ки интиқол меёбанд нобуд карда мешаванд", - гуфт Пушилин дар телевизиони "Россия 24".
Маринка дар наздикии Донетск аст. Дар он ҷо мавқеъҳои муҳими нерӯҳои Украина ҷойгиранд, ки ва ин яке аз нуқтаҳое аст, ки Донетск мунтазам аз тӯпхонаҳо дучори тирборон мешавад.
Ҳамчунин оқои Пушилин, илова кард, ки ҳамлаи мунтазами нерӯҳои Русия ба минтақаи Авдеевка ва дигар самтҳо идома дорад.
"Дар ин ҷо (самти Авдиевка) нерӯҳои мо аз Красногоровка амалиёти ҳамларо идома медиҳанд, дар ин ҷо мебинем, ки дар самти Авдиевка пеш мераванд. На он қадар зуд. Инро ҳам бояд фаҳмид, ки душман пайваста нерӯ интиқол медиҳад”, - гуфт Пушилин дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Вай қайд кард, ки душман то ҳол тақрибан панҷ роҳи таъминотӣ дорад, ки зери назорати шартии отӯпҳои нерӯҳои Русия қарор доранд.