Бе "облава" ва даъвати ҷавонони солим: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар арафаи оғози даъвати тирамоҳӣ ба комиссарҳои ҳарбии ҷумҳурӣ дастур дод, ки маърака қонунӣ дар ҳамкорӣ бо мардум гузарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар доираи даъвати баҳории наваскарон ҳамкорӣ бо мардум боз ҳам ҷоннок карда шуда, вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт қарор қабул гардад.
Ин нуктаро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ҷаласае бо ҳайати фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру навоҳӣ баён дошт.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, вазир бо таҳлили даъватҳои қаблӣ дар баробари баъзе пешравиҳои назаррас ҳамоно фаъолияти бархе аз комиссияҳои даъватиро боиси нигаронӣ хондааст.
Роҳбарияти ин ниҳод масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро вазифаи аввалиндараҷа хондааст.
Фармони президент барои даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон имзо шуд
Комиссариатҳои ҳарбӣ муваззаф гардидаанд, ки роҳҳои ғайриқонунии даъват ва ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро пешгирӣ намоянд.
Тибқи дастури вазир онҳо бояд, диққати аввалиндараҷаро ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ равона намоянд.
Ҳамчунин вазир аз тобеин хостааст, бо аҳолӣ ва мақомоти маҳалли кор карда, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин бояд ҷавононро мутмаин созанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ.
Даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиш дар Тоҷикистон тайи моҳҳои апрел ва май идома карда, соли ҷорӣ ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 сафарбар мешаванд.