ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон Маъзолидин Аҳмадӣ гуфт, ки ин рӯз, рӯзи таваллуди Ҷамшеди Зартушт аст ва гиромидошт аз он ҳаром мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тудей".
“Гиромидошт аз Наврӯз ҳеҷ бунёди динӣ надорад ва таҷлил аз ин рӯз аз манзари динӣ мардуд ва ҳаром аст”, - афзуд вай.
Раиси иттилоот ва фарҳанги Бадахшон ҳамчунин гуфт пушидани либоси нав ба муносибати Наврӯз ва рафтан ба хонаи дӯстон ва хешовандон бобати табрикии он, бунёд динӣ надорад ва ҳаром аст.
Раиси иттилооту фарҳанги Тахор Ансоруллоҳ Ансорӣ низ омода дар бораи Наврӯз ва баргузории ҷашни он, нашуд.
Соли гузашта низ мавлави Муҳамадсодиқи Оқиф Муҳоҷир, сухангӯт раиси иттилоотии вазорати даъват ва иршод - амр ба маърӯф ва наҳй аз мункар - ҳукумати толибон дар мусоҳиба бо радиои дарӣ, дар бораи нигоҳи толибон ба ҷашн Наврӯз гуфта буд, ки “иди Наврӯз мухтас ба маҷусиҳо аст ва зарурат намебаинем, ки ин идро баргузор намоем".
Ҳукумати толибҳо соли гузашта ҳамчунин рухсати ҷашни Наврӯзро аз тақвими Афғонистон ҳазф карданд.