Исломобод ба Халилзод: Покистон ниёзе ба дидгоҳи шумо надорад

Вазорати умури хориҷаи Покистон дар вокуниш ба суханони фиристодаи пешини Амрико барои Афғонистон навишт: “Мо ба машварати нохостаи касе ниёз надорем”.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Покистон дар вокуниши шадид ба изҳороти Залмай Халилзод гуфтааст, ки ин кишвар ниёзе ба машварати нохоста аз сӯйи касе дар бораи чигунагии муқобила бо чолишҳо надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Мо ба унвони як миллати муқовим аз шароити душвори кунунии қавитар берун хоҳем омад",- гуфтааст Вазорати хориҷаи Покистон дар ин баёнияаш.
Пеш аз ин, Залмай Халилзод гуфта буд, ки Покистон бо ошуфтагиҳои бешмор рӯ ба рӯ аст ва дастгирии Имронхон ошуфтагии ин кишварро амиқтар хоҳад кард.
Ӯ дар саҳифаи твиттериаш навишта буд, ки "ҳамдигарзанӣ" раҳбарони Покистон аз тариқ "эъдом, террор ва ба зиндон афгандан" якдигари масир иштибоҳӣ аст.
Халилзод ба раҳбарони Покистон суфориш карда буд, ки ба ҷои рӯёрӯӣ, барои наҷот аз буҳрони барномарезӣ ва интихобот баргузор кунанд ва ҳар ҳизбе, ки баранда шуд, ба намояндагӣ аз мардуми корҳои лозимро анҷом диҳад.
Карзай: Покистон бояд хатоҳояшро дар минтақа ислоҳ кунад
Ёдоварӣ мекунем, ки Имронхон, нахусти вазири пешини Покистон ба далели изҳороташ дар бораи пулис ва як қозии зан ва ҳамчунин ба хотири фасод парванда дорад.
Ӯ бо ин ки чандин бор ба додгоҳи фарохонда шуда вале аз ҳузур дар додгоҳ имтиноъ кардааст.
Имронхон ба пулис гуфтааст, ки ҳозир аст рӯзи 18 март дар додгоҳи Исломообод ҳузур ёбад аммо пулис ин дархостро напазируфт ва хоҳони дастгирӣ ӯ шуд.
Дар пайи ҳукми ҷалби оқои Имронхон ӯ аз ҳаводоронаш хост, ки ба хиёбонҳо биёянд ва собит кунанд, ки тасмими давлат барои боздошт ӯ "нодуруст" аст.
Амалиёти пулис барои боздошти оқои Имронхона мунҷар ба даргирӣ миёни ҳомиён ӯ бо пулис шудааст.
Ба тозагӣ додгоҳӣ дар Лоҳур аз пулис хости ҳукми боздошти Имронхонро ба таълиқ даровард.