Аз Далер то Нигина: ситораҳои Тоҷикистон Наврӯзро дар Маскав бошукӯҳ таҷлил мекунад

Соли ҷорӣ дар Маскав интизор меравад тоҷикон Наврӯзро бо барномаи фарҳангии ситораҳои шинохтаи мусиқии тоҷик бошаҳомат таҷлил кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ба муносибати Наврӯз, дар пойтахти Русия барномаи бошукуҳи консертӣ бо ҳузури машҳуртарин овозхонҳо аз Тоҷикистону Узбекистон доир мешавад.
Дар назар аст,к и барномаи рангини фарҳангӣ 19 март дар "VK Stadium" барпо гардад.
Дар ин бора Аслишо Акимбеков ба @Sputnik_Tajikistan хабар дода.
Ӯ гуфт, ки чорабинӣ дар назар аст, ки бо ҳузури Далер Назаров, Сафармуҳаммад Рустам, Нигина Амонқулова ва сарояндагони узбекистонӣ Corleone ва Жасурбек Мавлонов сурат бигирад.
Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҳамроҳ бо сокинони Суғд Наврӯз таҷлил мекунанд - видео
Дастандарткорони он мегӯянд, ки интизори беш аз 5 000 тамошобин ҳастанд.
"Ин Наврӯзи ҳамгироӣ хоҳад буд. Мо мехоҳем, миллатҳои гуногунро дар ин ҷашни бузург ба ҳам орем", - гуфт Акимбеков.
Дар баробари консерт ҳамчунин намоишгоҳ, мастер-классҳо гузаронида шуда, макони аксгирӣ омода мешавад.
Тамошобинон имкон доранд, рамзи асосии ҷашн - суманакро дар ин ҷо бичашанд.
Пахши мустақими консертро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат хоҳад гирифт.