ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон ширкат мекунад.
Ин чорабинӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда , мушзанони тоҷик ба он омодаанд, хабар медиҳад соомнаи телевизиони "Варзиш" дар такя ба иттилои яке аз муштзанони кишвар Сумайя Қосимова.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) муаррифӣ мекунанд.
Тими кишварро дар ин чорабинӣ ду 2 мураббӣ роҳнамоӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Сумайя Қосимова нахуст бо Вафа Хафси тунисӣ рақобат мекунад. ва Руҳафзо Ҳақназарова бо Даниша Матялаган аз Сингапур вориди чоркунҷа мешавад.
Мижгона Самадова бошад, тағйири вазн кард ва ҳоло зери вазни 60 кг ҳунарнамоӣ мекунад. Рақиби ӯ Йелиз Арифе Алтини турк аст. Нилуфар Бобоёрова бо Меган де Клер аз Ҳоланд қувваозмоӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз 16-ум то 26-уми март дар пойтахти Ҳиндустон баргузор мегардад.
Дар мусобиқа намояндагони 65 кишвар ширкат меварзанд.
Муштзаноне, ки дар мусобиқаи мазкур нишони тилло ба даст меоранд, бо маблағи 100000 $, нишони нуқра 50000 $, нишони биринҷӣ 25000 $ қадрдонӣ карда мешаванд.