Беҳтарин ҳаҷвнигорони Суғд дар Гулистон ҷамъ омаданд

Дустдорони ҳаҷв тавонистанд дар шимоли ҷумҳурӣ маҳорати худро намоиш дода, барои гирифтани шаҳодатнома, диплом ва мукофоти пулӣ мубориза баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Гулистон озмун-фестивали ҳаҷвнигорон бо номи "Аскиягӯӣ дар чойхона" баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд бо мусоидати театр-студияи "Хандинкамон" ва телевизиони маҳаллӣ баргузор гардид.
"Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора рушд ва такмили санъати рақобати зеҳнӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон буд", — омадааст дар паём.
Дар ин мусобиқот аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин аскиягӯёни варзида иштирок кардаанд.
Санаи баргузории "Ҷашни лола" дар вилояти Суғд маълум шуд
Беҳтарини онҳо аз рӯи номинатсияҳои "Беҳтарин аскиягӯ", "Аскияи беҳтарин", "Беҳтарин суруди ҳаҷвӣ", "Беҳтарин саҳнаи ҳаҷвӣ" ва "Беҳтарин ошхӯр" соҳиби диплом ва мукофотҳои пулӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи "Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025" сурат гирифтааст.