Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Башор Асад: Сурия марзҳои нави Русияро эътироф мекунад

Димишқ мӯътақид аст, ки ин қаламравҳо таърихан ба Маскав тааллуқ доштанд, зеро дар он ҷо то ҳол шаҳрвандони Русия ба сар мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Сурия сарҳадҳои нави Русия, аз ҷумла заминҳоеро, ки дар натиҷаи раъйпурсӣ дар вилоятҳои ҶМД, АМЛ, Херсон ва Запороже ҳамроҳ шудаанд, эътироф мекунад.
Дар ин бора раҳбари Сурия Башор Асад дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.

"Албатта. Ман мегӯям, ки инҳо қаламравҳои Русия ҳастанд ва ҳатто агар ҷанг рух намедод ҳам, инҳо қаламравҳои таърихии Русия ҳастанд", - гуфт ӯ.

Асад таъкид кард, ки Димишқ ин қаламравҳоро ҳанӯз қабл аз аннексия расман ҳамчун Русия эътироф кардааст.
"Онҳоро ба Украина, шояд тақрибан 100 сол пеш, ба фикрам, дар замони (Владимир) Ленин дода буданд. Дар онҳо шаҳрвандони Русия зиндагӣ мекунанд ва далелҳо дар он ҷой гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ин сарзамини Русия аст. Мо ба ин мавқеъ итминон дорем", — гуфт президент.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати мудофиаи Русия аз пешравиҳо дар самти Купянск гуфт
Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли 2022 ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Федератсияи Русия дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск ва ҳамчунин дар вилоятҳои Херсону Запороже баргузор шуд.
Мувофиқи натиҷаҳои коркарди 100%-и бюллетенҳо дар ҶМД ба тарафдории ҳамроҳ шудан ба Русия 98,42%, дар вилояти Херсон 87,05%, дар вилояти Запороже 93,11% овоз додаанд.