Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Созишномаҳо дар доираи Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки давоми се рӯз дар Душанбе идома кард, ба имзо расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 30 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, созишномкаҳо дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имзо шуданд.
Манбаъ меафзояд, имзо шудани созишномаҳои нав ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷўён ва анҷоми корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.
"Ҳамкориҳои феълии донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад ба ноил шудани ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд", - омадааст дар хабарнома.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои ду кишвар буд, ки дар Душанбе аз 13 то 15 март идома кард.
Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ректорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад
Масъалаи баргузор шудани форуми мазкур авоили моҳи ҷорӣ дар мулоқоти Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода баррасӣ кардид.