Тоҷикистон дар Аксияи байналмилалии "Боғи хотира" ширкат мекунад

Дар давоми мавҷудияти ин чорабинии муҳим солона беш аз 5 миллион фаъол дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон тавонистаанд ширкат кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва беш аз 34 кишвари ҷаҳон дар Аксияи байналмилалии “Боғи хотира” ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора раиси ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Ихтиёриёни Ғалаба" Олга Занко зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар Исроил, Олмон, Тунис, Панама, Эквадор, Сербистон ва дигар кишварҳо баргузор мешавад.
"Рӯзи оғози маърака, 18 март, дар минтақаи Деҳлии Нави Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар он ҷо шумораи зиёди низомиёни мустаъфӣ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи сокинони маҳаллӣ зиёд аст. Аз Ҳиндустон, мо маъракаро дар сатҳи байналмилалӣ оғоз хоҳем кард", - гуфт Занко.
Сафири Русия дар Тоҷикистон куҳансарбози ҶБВ-ро хабар гирифт – видео
Қобили зикр аст, ки созмондиҳандагон шинондани 27 миллион ниҳол ба хотираи ҳар нафари қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳадафи аслии иқдоми “Боғи хотира” медонанд.
Рамзи аксия — пайдо шудани муsассамаoои сабз ба шарафи қаҳрамонҳо масъалаи нигох доштан ва барқарор намудани фонди ҷангалро низ ҳал карда, ба иштироккунандагони чорабинӣ имконият медиҳад, ки гази карбонро кам кунанд.