СММ дар бораи вазъи ғизо дар Осиёи Марказӣ гуфт

Созмони Милали Муттаҳид вазъи амнияти ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупоро рӯҳбаландкунанда медонад, зеро мизони камғизоӣ бештар нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ вазъи рӯҳбаландкунанда вуҷуд дорад, гузориш медиҳад СММ бо такя ба маълумот ва тамоюлҳои солҳои охир.
Муаллифони гузориш тахмин мезананд, ки мизони камғизоӣ дар ҷаҳон дар соли 2020 то 9,9% афзоиш ёфтааст ва аз он замон то ҳол афзоиш меёбад.
Аммо дар баробари ин тайи солҳои ахир ин нишондод дар беш аз 50 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ зери 2,5% боқӣ мондааст.
Сарфи назар аз коҳиши пандемияи коронавирус ва низоъ дар Украина, Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷаҳон “дар ҳолати хеле беҳтар” қарор доранд.
Интизор меравад, ки сатҳи миёнаи минтақаи ОМ аз 2,5% камтар боқӣ мемонад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти ғизоӣ дар минтақаро баррасӣ карданд
Дар гузориш гуфта мешавад, ки "қимати ғизои солим тақрибан дар тамоми кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба далели боло рафтани қимати ғизои истеъмолӣ афзоиш ёфтааст".
Аммо сарфи назар аз ин, аксарияти сокинони минтақа (тақрибан 96,4%) метавонанд ғизои солимро дар муқоиса бо 58% дар соли 2020 таъмин кунанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, бо даромади камт ва воридоти софи маводи хӯрока қисми зиёди аҳолӣ (беш аз 40%) имкони харидории ғизои солимро надоранд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки шумораи одамоне, ки ба норасоии шадиди ғизо дучор мешаванд, босуръат меафзояд. Шумораи онҳо аз соли 2019 то соли 2021 афзоиш ёфта, зиёда аз 13 миллион нафар мебошад.