Русия ва Чину Эрон дар Халиҷи Уммон машқҳои дарёӣ баргузор мекунанд

Машқҳои низомӣ таҳти унвони "Камарбанди амнияти баҳрӣ - 2023" доир шуда дар он як қатор вазифаҳои мушаххас якҷоя тамрин карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нерӯҳои дарёии Чин, Русия, Эрон ва дигар кишварҳо дар Халиҷи Уммон тамринҳои муштараки баҳрӣ баргузор мекунанд.
Дар ин бора вазорати дифои Чин хабар додааст.
Тибқи паёме, ки дар саҳифаи расмии ин ниҳод дар шабакаи иҷтимоии WeChat нашр шудааст, машқҳо аз 15 то 19 март баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, ки тамринҳои муштараки баҳрии “Камарбанди амнияти баҳрӣ - 2023” дар Халиҷи Уммон тибқи тавофуқоти нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо баргузор мешаванд.
Дар машқҳо аз тарафи Флоти ҳарбии баҳрии Армияи халкии озодихоҳии Чин киштии ракетии "Наннин" иштирок мекунад.
Анҷоми тамринҳои Қӯшунҳои зудамали артиши Тоҷикистон дар машқгоҳи “Фахробод”
"Он аслан дар таҳияи амалиёти ҷустуҷӯии ҳавоӣ, наҷотдиҳӣ дар баҳр, иҷрои ҷузъу томҳои паради баҳрӣ ва иҷрои дигар вазифаҳо дар доираи машқҳо ширкат хоҳад кард", - омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки дар охири моҳи феврал машқҳои муштараки баҳрии Русия, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар уқёнуси Ҳинд баргузор шуданд.
Тамринот се рӯз идома ёфта, нерӯҳои мусаллаҳ аз тӯпхона ба ҳадафи баҳрӣ тирпарронӣ кардан.
Ҳамчунин машқҳо барои озод кардани киштии асиршуда бо гаравгонҳо, расонидани кумак ба киштии дар баҳр дучори фалокатшуда ва ҳайати шахсии дар об шинокунанда гузаронида шуданд.