ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо падари Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷ солаи тоҷик, ки соли 2018 дар Русия бо як бераҳмии махсус кушта шуд, вохӯрӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, афзуд, ки дар мулоқот ҳамчунин вакили мудофеъ Шавкат Умаров низ иштирок дошт.
Манбаъ меафзояд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаи мурофиаи додгоҳиро баррасӣ карданд, ки бо қарори додгоҳ Александ Сёмин - гумонбари асосӣ дар ин қазия ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
Гуфта мешавад, сафир ба вакили хонаводаи Саидов барои анҷоми бобарори мурофиаи додгоҳӣ сипоснома тақдим кард.
Қаблан, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳукми эълоншуда розӣ нест ва ният дорад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.
Бояд гуфт, қазияи қатли бераҳмонаи духтари тоҷик дар Русия наздики шаш сол боз идома дорад.
Гумонбари асосии ин ҳодисаи даҳшатбор - Алекчсанд Сёмин борҳо ба бегуноҳии худ пофишорӣ карда буд. Вакилони мудофиаш ӯро девона бароварданд, вале ташхис сиҳат будани ӯро тасдиқ кард.