ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳукми Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли бераҳмонаи духтари панҷсолаи тоҷик ахиран эълон шуд.
Бо қарори Додгоҳи вилояти назди Маскав, Сёмин барои дастдарозӣ ба номуси ноболиғ ва ҳамзамон ба таври бераҳмона куштани ӯ, ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
Абдусалом Саидов падари Ҳувайдо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳукми эълоншуда розӣ нест ва ӯ ният дорад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.
"Ман аз ҳукми додгоҳ розӣ нестам, ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарам. Мехоҳем, ки ба гунаҳкор ҳукми абад дода шавад", - афзуд Саидов.
Қазияи қатли бераҳмонаи духтари тоҷик дар Русия шаш сол боз идома дорад.
Гумонбари асосии ин ҳодисаи даҳшатбор - Алекчсанд Сёмин борҳо ба бегуноҳии худ пофишорӣ карда буд. Вакилони мудофиаш ӯро девона бароваарданд, вале ташхис сиҳат будани ӯро тасдиқ кард.
Фоҷеа дар Серпухов
Тобистони соли 2018 дар шаҳри Серпухов ҳодисаи даҳшатбор рух дод. Духтари панҷсола, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, аз майдончаи назди хона нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро аз даруни халтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.
Кормандони пулис бо кумаки дурбинҳои назоратӣ гумонбари асосӣ дар ин ҳодисаи нангинро муайян намуданд. Муттаҳам Александр Сёмини 28-сола, ҳамсояи хонаводаи ин духтар буд. Дар манзили ин мард осори пойафзоли духтар ва изи ангуштонашро пайдо карданд.
Экспертизаи судӣ нишон дод, ки ӯро Сёмин таҷовуз карда, сипас бо корд ба қатл расондааст.